Ба гузориши Хабаргузории Байналмилалии Ахли Байт (Абна), Шӯрои Олии Дифои Лубнон имрӯз, ҷумъа, ба Ҷунбиши Муқовимати Исломии Фаластин (Ҳамос) огоҳӣ дод, ки аз хоки Лубнон барои анҷоми амалиёте, ки ба истиқлолият ва амнияти миллии ин кишвар латма мезанад, истифода накунад.
Ин огоҳӣ дар пайи нишасти Шӯрои Олии Дифои Лубнон ба раёсати генерал Ҷозеф Аун, раисҷумҳури Лубнон, содир шуд.
Дар баёнияе, ки пас аз ин нишаст нашр шуд, омадааст: “Шӯро ба ҳукумат тавсия кардааст, ки ба Ҳамос огоҳӣ диҳад, то аз истифодаи хоки Лубнон барои анҷоми ҳаргуна амалиёте, ки амнияти миллии Лубнонро таҳдид мекунад, худдорӣ кунад.”
Шӯрои Дифои Лубнон ҳамчунин таъкид кард, ки тадбирҳои лозим барои ҷилавгирии комил аз ҳаргуна амале, ки истиқлолияти кишварро нақз мекунад, иттихоз хоҳад шуд.
Ҳамос то кунун ба ин баёния вокуниши расмӣ нишон надодааст.
Раисҷумҳури Лубнон бо ишора ба аҳамияти масъалаи Фаластин, бар зарурати ҷилавгирӣ аз табдил шудани Лубнон ба сакои барои бесуботии минтақа таъкид кард ва хостори худдорӣ аз вуруд ба ҷангҳое шуд, ки метавонад Лубнонро дар маърази хатар қарор диҳад.
Вай ҳамчунин бар ҳаққи мардуми Фаластин дар таъйини сарнавишти худ бар асоси қавонини байналмилалӣ ва ташаббуси сулҳи арабӣ таъкид кард.
Дар ҳамин ҳол, Наваф Салам, сарвазири Лубнон, низ бар зарурати ҷамъоварии силоҳҳои ғайриқонунӣ ва ҷилавгирӣ аз амали гурӯҳҳое чун Ҳамос дар таҳдиди суботи амниятии кишвар таъкид кард.
Даргириҳои марзӣ ва боздошти гумонбарон
Ин таҳаввулот дар ҳоле рух медиҳад, ки дар моҳи марти гузашта ду ҳамлаи мушакӣ аз ҷануби Лубнон ба сӯи Исроил анҷом шуд, ки ҳеҷ гурӯҳе масъулияти онҳоро бар ӯҳда нагирифт ва Ҳизбуллоҳ низ ҳаргуна дахолате дар ин ҳамлаҳоро рад кард.
Артиши Лубнон эълом кардааст, ки чанд нафар аз шаҳрвандони лубнонӣ ва фаластинӣ бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамлаҳо боздошт шудаанд.
Манобеи амниятӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтаанд, ки се нафар аз боздоштшудагон вобаста ба Ҳамос ҳастанд, ҳарчанд ин мавзӯъ ҳанӯз аз сӯи ин ҷунбиш тасдиқ нашудааст.
Дар ҳоле ки аз 27 ноябри соли гузашта оташбаси нисбӣ дар марзи Лубнон бо сарзаминҳои ишғолӣ барқарор будааст, артиши Исроил ҳамчунон ба ҳамлаҳои худ ба ҷануби Лубнон ва ҳаволии ҷанубии Бейрут идома медиҳад ва ин амалиётро бо ҳадафи ҳадаф қарор додани зерсохтҳо ва унсурони Ҳизбуллоҳ унвон мекунад.
Your Comment